Варзишгари тоҷик Шамшер Саидов дар рӯзи охирини Ҷоми 5-уми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт медали тилло ба даст овард.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Шамшер Саидов дар муҳорибаи ниҳоии вазни 67кг варзишгари мизбон Руслан Пидгирнякро шикаст дод.
Варзишгарони мо миёни мардҳо ҳамчунин 2 медали дигар – 1 нуқра, 1 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни 86 кг сазовор шуд. Некрӯз Салимов дар вазни -80кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид.
Миёни бонувон дар ин мусобиқа Миҷгона Самадова дар вазни -57кг медали тилло, Шоира Зулқайнарова дар вазни -60кг ва Меҳриноз Музаффарова дар вазни -81кг медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар Ҷоми 5-уми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт сазовори 6 медал – 2 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ – гардид.