19 декабри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзорҳои мухталифи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо асоан роҷеъ ба таҳкими минбаъдаи пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амният ва дар чаҳорчӯби ташаббусҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.