Имрӯз, 28 декабр дар шаҳри Душанбе китоби «Шуша-пойтахти таърихии маданияти Озарбойҷон» муаррифи шуд. Муаллифи ин асар Э.И. Аҳмадов буда, дар бораи пойтахти таърихии фарҳангии Озарбойҷон қисса мекунад. Тарҷумаи китоб ба забони тоҷикӣ ба қалами Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Бино ба иттилои хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Тахмина Амонова дар чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзомин Аскаров, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов, намояндагони корпуси дипломатии Озарбойҷон Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки дар ин китоб омилҳое, ки бунёди хонигарии Қарабоғ, аҳамияти бостонии таърихӣ, фарҳангӣ ва стратегии Шуша, тоҷи Қарабоғро муайян кардаанд, таҳлил мегардад. Китоб сохтмони қалъаи Шуша, пойтахти хонигарии Қарабоғ ва маҳалҳои бостонии шаҳрро дар бар мегирад.