Дар асоси қарордодҳои шартномаҳои мутақобила як зумра омӯгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ: деканони факултетҳои таърих ва ҳуқуқ Ҳусейнов А.Қ., психология Дадабоева М. С., педагогика Давлатзода Ф. Ш. ва география Қаландаров А. А. дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Брест ба номи А. С. Пушкин давраи таҷрибаандӯзии хешро ба анҷом расонда, ба Ватан баргаштанд. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Онҳо дар асоси лоиҳаи мубодилаи академии мутахассисон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва илмӣ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои амиқтар кардани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, омӯзиши амалӣ, хусусан баланд бардоштани салоҳияти касбӣ дар муддати рӯзҳои 12 – 24 декабри соли 2022 дар донишгоҳи зикршуда таҷриба омӯхта, инчунин малакаи кории хешро ба ҳамкорони белорусӣ нишон доданд.
Тибқи ин сафари хеш аз ҷониби онҳо ба таври ҷудогона ҳисобот таҳия гардидааст, ки ба таври умумӣ доир ба самти ихтисос 12 бандро фаро мегирад.Лоиқи зикр аст, ки барнома асосан иборат аз иштирок дар маҳфилҳои илмӣ, шиносоӣ бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омӯзиши таҷрибаҳои ҳосилшуда, иштирок дар дарсҳои омӯзгорони маъруф, баргузор кардани лексияҳо ҷиҳати муаррифӣ намудани Тоҷикистон ва амсоли инҳо мебошад.
Устодон, Ҳусейнов А.Қ., Дадабоева М.С., Давлатзода Ф. Ш. ва Қаландаров А. А. аз натиҷаи табодули таҷриба дар Ҷумҳурии Беларус қаноатмандии хешро изҳор намуда, қайд карданд, ки дастовардҳои дар давраи таҷрибаомӯзӣ ҳосилшударо метавон ҳангоми чорабиниҳои илмӣ, омода кардани маҷмӯи мақолоти илмӣ ва адабиёти илмӣ-методӣ истифода намуд. Онҳо афзуданд, ки усул ва шаклҳои муосири фаъолиятро, ки дар давраи табодули таҷриба омӯхтанд, метавонанд дар фаъолияти касбӣ, дар раванди тайёр кардани кадрҳои соҳибтахассус ҷорӣ кунанд.
Дар ин баробар, Раёсати донишгоҳи омӯзгории пойтахт тасмим гирифтааст гурӯҳи навбатии омӯзгоронро ба ин кивари дӯст сафарбар карда, ҳамчунин барои қабул намудани устодону донишҷӯён аз ин кишвар шароит омода намояд.