
Бо фармони Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин 4 нафар ходимони давлатию ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба портали маълумоти ҳуқуқии Россия иттилоъ медиҳад.
Фармони Владимир Путин 30 декабри соли 2022 имзо шудааст ва тибқи он барои саҳми бузург дар рушди дӯстӣ ва ҳамкории байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Қоҳир бо «Ордени Шараф» (Почёт), Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, Мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Газпромнефт-Тоҷикистон” Мирзоев Фарҳод Султонбекович ва Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод бо «Ордени Дӯстӣ» сарфароз гардонда шуданд.