Имрӯз, 3 январи соли 2023 Хисрав Соҳибзода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар бо сардори Раёсати кишварҳои Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар Юсуф Султон Ларам мулоқот намудааст.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар хабар медиҳад, дар рафти суҳбат масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатар ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф баррасӣ шуданд.