![ДМТ: Ҳамкорӣ бо Ширкати «Макромайн» баррасӣ шуд](https://vot.tj/tj/wp-content/uploads/2023/01/140403121834_tj_university_tnu304.jpg)
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон бо директори Ширкати «Макромайн» дар Осиёи Марказӣ Жасхан Байров мулоқот намуд. Дар он ҷонибҳо мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи геология табодули афкор намуданд, хабар медиҳад радиои «Овози тоҷик» дар такя ба ДМТ.
Қобилҷон Хушвахтзода оид ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва ташкили роҳҳои нави ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо Ширкати «Макромайн» суханронӣ намуд.
Дар давоми мулоқот ҳамкориҳои илмию таълимӣ дар заминаи ихтисосҳои аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи ККФ, корҳои маркшейдерӣ, инчунин, ташкили синфхонаҳои илмию таълимӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ ва таъмини донишҷӯён бо ҷойи кор баррасӣ шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ Оймуҳаммадзода Илҳом Султон, намояндаи ширкати мазкур Умед Мансуров ва намояндагони донишгоҳ, аз ҷумла муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И.Ғ. ва декани факултети геология Амдамов Р. иштирок ва суханронӣ намуданд.