
Айни ҳол, Донишгоҳи милии Тоҷикистон бо 326 муассисаи олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шатрнома ва қарордодҳои ҳамкорӣ дорад .Ин нуктаро имрӯз ректори Донишгоҳи милии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти хабарӣ иброз дошт. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Дилнозаи Абдумалик хабар дод.
Ба зикри номбурда, айни ҳол дар донишгоҳ 274 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси донишҷӯ, магистр, докторантони доктори фалсафа, PhD ба таҳсил фаро гирифта шуданд.