
1 феврали соли 2023 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Раиси Шӯрои тадқиқоти илмӣ ва техникии Туркия, профессор Ҳасан Мандал вохӯрӣ анҷом дод.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти фаъолияти инноватсионӣ, тадқиқотӣ ва рушд миёни сохторҳои дахлдори Тоҷикистону Туркия ибрози назар намуданд.