
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Федератсияи Россия Игорь Викторович Краснов дар шаҳри Москва мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории сохторҳои ду кишвар оид ба таъқиби байналмилалии ҷиноӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо инчунин самаранокии ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароиро қайд карданд.
Ҳамзамон, тарафҳо вобаста ба масъалаи тайёр кардани мутахассисони ҷавон ва такмили ихтисоси онҳо мубодилаи афкор намуданд.