
Нимҳимоятгари 19-солаи мунтахаби ҷавонон ва тими миллии Тоҷикистон Салам Ашӯрмамадов бо бошгоҳи «Думиенсе», ки дар дивизиони чаҳоруми Португалия баромад мекунад, шартнома баст. Дар ин бора Федератсияи футболи тоҷикистон хабар дод.
Дар чемпионати Тоҷикистон Ашӯрмамадов дар бошгоҳҳои «Истиқлол» ва «Истаравшан» бозӣ кардааст. Дастаи охирини ӯ «Броук Бойз» буд, ки шомили Медиалигаи Русия мебошад.
Бошгоҳи нави Салам Ашӯрмамадов дар гурӯҳи «А»-и дивизиони чаҳоруми Португалия дар ҷойи ҳаштум қарор дорад.