Муҳаммадалӣ Мирзоев, варзишгари тоҷик ва устоди варзиши Тоҷикистон дар мусобиқаи Осиё оид ба пауэрлифтинг (вазнбардории секарата) соҳиби медали тилло гардид. Ӯ дар вазни 120 кг бо бардоштани 194,5 кг вазн (хобида) дар қораи Осиё рекорд гузошт, хабар медиҳад Варзиш ТВ.
Мусобиқа аз 1-ум то 7-уми декабри соли равон дар шаҳри Дубайи Аморати Мутаҳидаи Араб баргузор шуда, дар он варзишгарони 29 кишвари Осиё иштирок намуданд. Дар байни онҳо намояндаи Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Мирзоев сазовори ҷойи аввал шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Муҳаммадалӣ Мирзоев – дар риштаи пауэрлифтинг устоди варзиши Тоҷикистон, чемпиони чандинкаратаи ҷумҳурӣ, қаҳрамони мутлақи ҷумҳурӣ, аввалин қаҳрамони Осиё оид ба Федератсияи байналмилалии пауэрлифтинг (IPF) дар Тоҷикистон байни наврасон ба ҳисоб меравад.