
2 феврали соли 2023 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо мудири иҷроияи “Бунёди муколамаи Пердана”-и Малайзия Рафӣ Юсуф баргузор гардид.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот доир ба дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Бунёд ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар сурат гирифт.