
Воқеияти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии алоқаманд ба зуҳури кишварҳои тозаистиқлол дар фазои пасошӯравӣ бар ташаккули нави муносибатҳои байналхалқӣ оварда расонд, ки дар онҳо усули ҳамкориҳои судманд асоси сиёсати хориҷии кишварҳоро ташкил медиҳад. Дар шароити душвори низомиву сиёсии байналхалқӣ, ки ба ду даҳсолаи аввали асри бисту якум хос аст, устувор ва тавсеаи ҳамёрӣ ва шарикии стратегӣ аҳамияти фавқулода касб мекунад, зеро нақши кишвар дар ҷаҳду талош баҳри устувории сулҳ ва амният дар сарнавишти ҷомеаи башарӣ боло меравад.
Санадҳои бунёнгузоре, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус муайян менамоянд, Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Беларус аз 5 апрели соли 2000 ва Аҳдномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Беларус аз 27 июни соли 2019 ба ҳисоб мераванд. Дар маҷмӯъ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус зиёда аз 90 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд.
Муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус дар марҳилаи муосир хислати рушди бомаромро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба касб намуда, муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба ин муносибатҳо такони мусбат мебахшад. Ҷиҳати густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Беларус сафарҳои мутақобилаи сарони ду давлат нақши хосса доранд.
Чунончи, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус А.Г. Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-16 майи соли 2018 ва сафари расмии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус 27-30 июни соли 2019 дар таърихи муносибатҳои ду кишвар саҳифаи навро боз намуданд.
Мавқеъҳои ҳар ду кишвар дар доираи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ нисбат ба аксари масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамсон ё наздик мебошанд. Ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои бонуфуз ба монанди СММ, ИДМ, СААД ва СҲШ робитаҳои хубро ба роҳ мондаанд. Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус хислати муваққатӣ надошта, ба ояндаи дарозмуҳлат равона гардидаанд.
Ба манзури пешбурди маҷмуи муносибатҳои дуҷониба ва муайян намудани дурнамо ва рушди минбаъдаи он муносибатҳо фаъолияти комгори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ роҳандозӣ шудааст, ки ҷаласаи 13-уми он 16 апрели соли 2019 дар ш. Минск барпо гардид.
5 апрели соли 2021 дар ш. Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд. Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуд. Сарфи назар аз бӯҳронҳои молиявию иқтисодӣ дар ҷаҳон, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус хусусияти мусбат нишон медиҳанд. Беларус ва Тоҷикистон барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои муассир имкониятҳои хуб доранд. Соли 2011 аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Беларус Шурои тиҷоратии Тоҷикистон ва Беларус таъсис ёфт.
Ба густашири муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Баргузории ҳамоишҳои фарҳангии муштарак бо ширкати ходимони фарҳанг ва ҳунари ду давлат ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин росто, мунтазам баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус муҳим арзёбӣ мешавад.
Бастани аҳдномаи дуҷониба байни Тоҷикистону Беларус дар бораи шарикии стратегӣ дар моҳи июни соли 2019 раванди ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷонибаи ду кишвари ҳампаймонро ба сатҳи сифатан баланд ва васеъмиқёс баровард. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузурги Аҳдномаро дар бораи шарикии стратегӣ баҳри тавсеаи муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Беларус таъкид намуда, изҳор дошта буд, ки умумиёбии алоқаҳои мо дар бахшҳои базавии иқтисодиёт, аз ҷумла саноат ва хоҷагии қишлоқ, инчунин тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ нишондиҳандаи динамикаи устувори робитаҳо мебошанд.
Пешбинӣ мешуд, ки татбиқи нақшаҳои дар ҳуҷҷати мазкур омада ба корҳои минбаъда дар ҳамаи самтҳо динамикаи нав хоҳад бахшид. Ва махсусан дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ, зеро аз рӯйи натиҷаҳои соли 2018 гардиши мол дар байни ду кишвари собиқ шӯравӣ 40 миллион долларро ташкил медод, ки ба ақидаи ҷонибҳо ба зарфияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус мутобиқат намекунад. Аз ин рӯ, ҳангоми имзои санади ёдрасшуда дар бораи зарурияти амиқ намудан ва васеъ кардани ҳамкориҳо таъкид карда мешуд. Самтҳои асосӣ ва афзалиятноки ҳамкориҳо: кооператсияи саноатӣ, интиқоли мошинҳои боркаши беларусӣ, техникаи роҳсозӣ ва нақлиёти мусофирбар, таҷдиди парки қатораҳои роҳи оҳан; тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ; рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм ва технология эълон шудаанд. Дар роҳи кооператсияи саноатӣ Душанбе ва Минск аз он бармеоянд, ки «кооператсияи мустақим, истеҳсолоти муштараки молҳои босифати рақобатпазир бояд нерӯи ҳаракатдиҳандаи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳо мо гарданд» ва дар ин самт аллакай гомҳои аввалин бардошта шудаанд. Аз ҷумла, дар шаҳраки Ҳисор аллакай истеҳсолоти муштараки тракторҳои заводи Минск ба роҳ монда шудааст. Моҳи январи соли 2019 бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ширии баландсифат ва дурнамои баромад дар бозори кишварҳои ҳамҷавор Аҳднома дар бораи дар Душанбе сохтани корхонаи муштараки ООО «Истеҳсоли маҳсулоти ширӣ»-и «Ватан» ба имзо расид, ки муассиси он аз ҷониби беларусӣ ОАО «Заводи шири Минск №1» мебошад. Ҳамзамон, Тоҷикистон манфиатдории худро ҷиҳати бунёди боз як корхонаи муштараки истеҳсоли шир дар базаи ООО «Авиценна», ки якҷоя бо ОАО «Олами шир»-и шаҳри Гродно сохта мешавад, эълон кард. Ширкати тоҷикӣ аллакай фермаи алоҳидаи шириву молиро барои 1500 чорвои калони шохдор, ҳамчунин майдончаи истеҳсолӣ ва таҷҳизотро барои корхонаи шир дар Ҳисор омода кардааст.
Тайи солҳои охир дар Душанбе барои таҷдид ва модернизатсияи нақлиёти коммуналӣ ва мусофирбар корҳои зиёде карда мешавад. Моҳи майи соли 2019 дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Рушди устувори нақлиёти ҷамъиятии Душанбе» аз ҳисоби қарзи Бонки аврупоии рушд ва таҷаддуд аз Беларус ба маблағи 4 троллейбус ба маблағи 1 миллион доллар ворид карда шуда буд. Моҳи майи соли 2019 «Белкоммунмаш» ва шаҳрдори Душанбе созишномаро оиди интиқоли 100 троллейбус ба имзо расонда буданд. Ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расидаанд, ки дар Душанбе маркази хидматрасонӣ кушода шавад, то ки дар он мутахассиони маҳаллӣ таълим гиранд ва дар оянда марказ ба базаи истеҳсолӣ барои кишварҳои сеюм табдил ёбад.
Тайи солҳои охир барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилот шароити мувофиқ фароҳам омадааст. Бо шарофати ифтитоҳи 5 факултети муштарак дар кишвари мо аллакай имконияти васеи аз худ кардани ихтисосҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат фароҳам омадааст. Гуфтанист, ки аввалин факултети муштараки техникӣ-муҳандисӣ соли 2012 дар базаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Донишгоҳи миллии техникии Беларус кушода шуда буд. Робитаҳои Тоҷикистону Беларус маъмулан ба алоқаҳои зичи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву техникӣ, низомӣ, фарҳангиву гуманитарӣ асос ёфта, дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва дар маҷрои ҳамкориҳои дӯстона, конструктивӣ ва судманд рушд меёбанд. Ба вижа ба мундариҷаи ҳамкориҳои ду кишвар муколамаи фаъолона дар сатҳи олӣ хислати ҷовидонӣ медиҳад. Мавқеи ду кишвар амалан дар ҳамаи масоили мубрами минтақавӣ ва байналхалқӣ ба ҳам наздик ва муттафиқона мебошад. Ҳамзамон, бояд гуфт, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус хислати маҳдудӣ надошта, ба дурнамои дарозмуддат нигаронида шудааст.
Тоҷикистону Беларус шарики боэътимод дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ дар чаҳорчӯбаи СММ буда, пайваста аз ташаббусҳои якдигар дар масоили ба ҳамдигар судманд дастгирӣ мекунанд. Тавре, дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Беларус А. Лукашенко изҳор дошта буд «дар тамоми масъалаҳои муҳокимашаванда дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналхалқӣ мавқеъҳои Тоҷикистон ва Беларус ягона ва ба ҳам наздиканд». Имрӯз Тоҷикистону Беларус оид ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогирии васеъмиқёси иқтисодӣ, ҳарбиву техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва иҷтимоӣ фаъолона кушиш доранд. Ҳамзамон, кушиши ҷонибҳо дар дастгирии ҳамдигар дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, ки аъзо ҳастанд, аз ҷумла ИДМ, СААД, СҲШ ва ҳалли вазифаҳои дар наздашон истода аз ҷумла, таҳкими амну субот дар маҳдудаи собиқ шӯравӣ, мусоидат ба рушди минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ ба назар мерасад.
Дар маҷмӯъ то ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Беларус зиёда аз 90 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд.
Ҳамин тавр, бо назардошти омилҳои фавқуззикр метавон чунин натиҷагирӣ кард:
1. Аз оғози устуворшавии робитаҳои дипломатӣ яъне аз соли 1996 робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус босамара ва ва натиҷадор буда, бо силсилаи боздидҳо, вохӯриҳо дар сатҳҳои баланд, инчунин, алоқаҳои судманди корӣ пурмазмун гардида, ба ҳамкориҳои ояндадор дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, хоҷагии халқ, фарҳанг, гуманитарӣ ва дигар самтҳо нигаронида шудаанд. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар маҷрои шарикии судманд ва баробарҳуқуқ устувор шуда, дар онҳо мушкилоти ҷиддие, ки ба вазъи умумии робитаҳои дуҷониба таъсири манфӣ расонад, вуҷуд надорад.
2. Базаи мустаҳками ҳуқуқиву меъёрие, ки тайи даврони ҳамкориҳо устувор шудааст, барои амиқшавӣ ва васеъшавии мазмуну мундариҷа ва миқёси ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷонибаи ду мамлакат дар ҳамаи соҳаҳо шароити муосид фароҳам овардааст. Ҳамзамон, барои тавсеаи ҳамкориҳои амали фаъолона ва босамари чунин ниҳодҳои ҳамкории байнидавлатӣ аз қабили комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мусоидат мекунанд.
3. Омили муҳими пеш бурдани ҳамкориҳои дуҷониба дар сатҳи шарикии стратегӣ ин ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ҳар ду кишвар мебошад. Имрӯз алоқаҳои тиҷоративу иқтисодии ду мамлакат дар мубодилаи байниҳамдигарии ашёи хом, маҳсулоти истеъмоли халқ, рушди кооператсияи саноатӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо бани хоҷагиҳо ва минтақаҳои ҳамдигарӣ равшан ба назар мерасанд. Силсилаи корхонаҳои муштараки дар кишвари мо сохташуда барои рушди соҳаҳои нави саноат ва кишоварзӣ, бунёд ва тараққии минтақаҳои озоди иқтисодӣ мусоидат мекунанд.
4. Самти муҳим ва афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус, ки онро низ метавон аз самтҳои калидии шарикии стратегӣ номид, ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва таҳсилотӣ мебошанд. Кушодани марказҳои фарҳангӣ, ҷамъиятҳои дӯстии Тоҷикистону Беларус, ба роҳ мондани табодули донишҷӯён, ифтитоҳи факултетҳои муштарак байни донишгоҳҳои ду мамлакат, силсилаи фаровони чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили рӯзҳо ва ҳафтаҳои фарҳангӣ, иштирок дар ярмаркаву намоишгоҳҳо, баргузории конфронсу нишастҳои илмӣ байни доираҳои илмиву фарҳанги ҳар ду кишвар номгӯйи нопурраи он захираи бузурги фарҳангиву ақлии ду кишвар аст, ки барои дар сатҳи сифатан баровардани ҳамкориҳои мо замина фароҳам овардаанд.
5. Таҳлили вазъ ва сатҳи имрӯзаи робитаҳои Тоҷикистону Беларус ба мо имкон медиҳад чунин натиҷагирӣ намоем, ки ба ҳар ду ҷумҳурӣ тайи даврони истиқлолият муяссар шудааст, ки модели хоси ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро шакл диҳанд ва он имрӯз ба сатҳи баланди шарикии стратегӣ бароварда шуда, уфуқҳои нави ҳамокориҳоро намоён хоҳад сохт.
Фаридун КЕНҶАЕВ,
докторанти PhD-и кафедраи таърихи умумӣ ва
муносибатҳои байналхалқии
факултети таърих ва ҳуқуқи
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ