
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири тозатаъини Туркия дар Тоҷикистон Умут Адҷорро қабул кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия табодули афкор намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн низ баррасӣ шуданд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Туркияро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин мақом табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно кардааст.