
10 феврали 2023 дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба таъсис додани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Тонга баргузор гардид.
Баёнияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва Намояндаи доимии Подшоҳии Тонга дар СММ Вилиами Ваинга Тоне имзо карданд.