
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо роҳбари намояндагии Маркази байналмилалии ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ (ICNL) дар Тоҷикистон Элизабет Гивенс вохурӣ намуд, хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар.
Шодихон Ҷамшед меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, ҳамзамон иброз дошт, ки дар Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Қайд карда шуд, ки дар Тоҷикистон баҳри таъмини солимии шаҳрвандон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар идома ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.