
Аз ҷониби Тоҷикистон 6 лоиҳаи дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ ҷиҳати баррасӣ ба барномаи иштирок ва шуъбаи бурсияҳои бахши робитаҳои хориҷӣ ва иттилооти ҷамъиятии ЮНЕСКО пешниҳод гардид.
Тавре ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ зикр кард, дар соли 2022 Тоҷикистон ҳаммуалифи номинатсияҳои “Латифаҳои Хоҷа Насриддин” ва “Санъати абрешимбофӣ” гардид, ки ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуданд.
Ба иттилои номбурда, дар идомаи ҳамкориҳои бисёрҷониба Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО фаъолияти худро барои густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди мазкур ҷиҳати ҳифзу муаррифии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуд.