
Дар Дафтари СММ дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз Рӯзҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд. Дар чорчуби он баргузории барномаҳои фарҳангӣ ва намоишгоҳҳо дар назар аст. Ин нуктаро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ иброз намуд. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Ризвонов Тоҷиддин хабар дод.
Ба зикри номбурда баргузории чорабинӣ 21 март сурат гирифта, бори нахуст аст, ки бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Дар чорабинӣ инчунин намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат меварзанд.
Дар ин чорабинии сатҳи баланд анвои гуногуни маҳсулоти хӯрока, маҳсулоти зардӯзиву гулдӯзии миллӣ, тӯҳфаҳои хотиравии маҳсулоти ватанӣ ва маводди гардишгарӣ барои таблиғу ташвиқи соҳаи сайёҳии кишвар ба намоиш гузошта мешаванд.
Дар доираи чорабинии мазкур баргузории намоишгоҳи бузурги деворнигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Таърихи рушди Тоҷикистон» бо ҳузури намояндагиҳои чандин кишварҳо дар назар аст.