Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз ба мардуми Сурия, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, кӯмаки башардӯстона фиристода шуд.
Тавре ки аз Агентии захираҳои модии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабанигори радиои «Овози тоҷик» Мирсаиди Хайрулло хабар доданд, кӯмаки башардӯстона аз 50 тонна маводи хӯрокворӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ҳамчунин либосу пойафзоли зимистона, рахти хоб, антисептик ва доруворӣ иборат аст.
Тафсилоти бештари мавзӯъ баъдар нашр хоҳад шуд.