Шамсиддини Раҷабалӣ, ҷавони донишманди тоҷик, аз ҷониби Академияи байналмиллалии фарҳангҳои Шоҳигарии Марокаш бахшида ба Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ ҳамчун “Доктори фахрӣ” пазируфта шуд. Дар ин бора мазкур ба Мирсаид Сатториён, мухбири радиои “Овози тоҷик” иттилоъ дод.
Шамсиддин гуфт, Академияи ҷаҳонии мазкур бахшида ба 21 феврал Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ озмун эълон карда буд. “Ман ҳам эълони мазкурро дида, роҷеъ ба таҳмили забони урду ба мардуми Бангладеш, сайри таърихӣ дар дунёи забонҳои ин минтақа, ки то имрӯз чанд давраро аз сар гузарониданд, матлаб навишта, ба унвонии комиссияи озмун фиристодам.
Ӯ дар ҳамин ришта рисолаи номзадӣ дорад ва маҳз ҳамин бартарият ӯро ба сафи ғолибон овард. Шамсиддин хатмкардаи факултаи забонҳои романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, айни ҳол дар ин боргоҳи илм ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул аст. Ӯ писари шоири хушном Раҷаб Ғаффор аст.