
Рӯзи 2 марти соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷҷабор Раҳмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Бумедиен Геннад мулоқот намуд. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекитсон хабар дод.
Зимни суҳбат тарафҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Алҷазоир, имконияти мавҷудаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба, ки дар таҳкими равобити дӯстонаи ду кишвар таъсири мусбат мерасонанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.