Аз 18 сентябр то 6 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)” тренинги байналмилалии омӯзишӣ баргузор мегардад. Ташаббускорони он Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар якҷоягӣ бо Институти миллии тадқиқотии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (NRICH), Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) ва шарикии Маъмурияти мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (CHA) мебошанд. Чорабинӣ дар бинои Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” баргузор гардида, шумораи иштирокчиён то 20 нафарро дар бар мегирад. Дар ин бора Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар дод.
Тренинги мазкур бори нахуст дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна доир шуда, дар он тавассути лексияҳои сатҳи баланди интерактивӣ, машғулиятҳои амалӣ, аз ҷумла кори гурӯҳӣ ва боздидҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, иштироки кормандони байнисоҳавӣ ва бисёрфарҳангӣ муҳити мусоиде фароҳам меорад, ки муошират ва иштироки муассир таъмин гардад. Дар давоми тренинг бо истифода аз захираҳои мавҷуда ва ташаббусҳои дахлдор алоқамандӣ миёни илм ва нигоҳубини коллексияҳо дар заминаи маҳаллӣ омӯхта мешавад.
Дар тренинг саҳми ширкаткунандагон аз он иборат аст, ки дар мисоли муассисаҳои худ сатҳ ва раванди омӯзиш, табодули таҷрибаҳои дахлдори кишварҳои худ ва пешниҳоди лоиҳа оид ба беҳтар намудани нигоҳубини коллексияҳо ва устуворӣ дар муассисаҳои худро, ки тавассути истифодаи усулҳои илмӣ амалӣ мешаванд, баён намоянд.
Тренинги мазкур саводнокии илмӣ, иқтидори иштирокчиён ва муассисаҳои онҳоро баланд бардошта, ба онҳо имкон медиҳад, то падидаҳои марбут ба нохубшавиро, ки ба коллексияи мероси онҳо таъсир мерасонанд, фаҳманд ва устуворона идора намоянд.