Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Маркази Доиратулмаорифи бузурги исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Козим Мусавии Буҷнурдӣ мулоқот намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи роҳандозии ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои илмии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, имконот ва зарфиятҳои мавҷударо барои анҷоми лоиҳаҳои муштараки илмӣ, аз ҷумла таҳияи донишномаҳои муштараки забону адаб ва таъриху фарҳанги ду кишвар таъкид карданд.
Дар фарҷоми мулоқот сафири Тоҷикистон маҷмӯаи шашҷилдаи “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик”-ро ба китобхонаи Маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ тақдим намуд.