Бо ташаббуси сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар шаҳри Сеул бахшида ба Конфронси оби СММ чорабинии муштарак баргузор гардид. Дар он роҳбарият ва намояндагони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Корея ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим иштирок намуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Роҳбари намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бобати аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтани иқдомҳои Ҷумҳуриии Тоҷикистон, дар бораи қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва чораҳои тадорукотии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд маълумот дод.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.