Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот намуд. Дар мулоқот имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд, хабар дод Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар.
Зимни мулоқот доир ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории мамлакат ва имтиёзҳо барои сармоягузорон иттилоъ дода шуд. Мувофиқа ҳосил шуд, ки ҷиҳати баргузори Форуми сармоягузории Тоҷикистону Туркия ва таъсиси Фонди сармоягузории Тоҷикистону Туркия корбарӣ карда мешавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро доир ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо изҳор намуданд.