Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Ноиби Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйерде, ки бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар оғози мулоқот Вазири молия Қаҳҳорзода Ф.С., аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Бонки Умумиҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо атрофи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла энергетика ва тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд.