
Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии “ITB Berlin-2023“ дар шаҳри Берлин вохӯриҳои роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои марбутаи олмонӣ ва ширкатҳои мухталиф баргузор гардид. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҳандозӣ ва таҳкиму густариши ҳамкориҳои баъдиро дар соҳаи сайёҳӣ, инчунин омода намудани мутахассисон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 7-9 марти соли равон дар шаҳри Берлин намоишгоҳи байналмилалии „ITB Berlin-2023“ баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доштанд. Дар доираи Намоишгҳи мазкур гӯшаи сайёҳии кишвари мо зери унвони “Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ” ташкил карда шуд.
Дар гӯшаи Тоҷикистон маводи таблиғотӣ оид имкониятҳои сайёҳӣ, роҳнамо, харитаҳо, варақаҳои иттилоотӣ ва дигар маълумоти мавриди таваҷҷуҳ пешкаши тамошобинону дӯстдорони сайру саёҳат гардид.
Дар Намоишгоҳи “ITB Berlin” ҳудуди 161 кишвар бо 5.500 намоишгарон гӯшаҳои алоҳида таъсис дода, ҳамин тариқ ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ имконот ва хизматрасониҳо худро ба иштирокчиёну коршиносони соҳа муаррифӣ карданд.