Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 685,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ташриф овард, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 баробар зиёд мебошад. Сайёҳон, асосан, аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларус, Афғонистон, Чин, Туркия, Ҳиндустон, Эрон, ИМА, Олмон, Покистон, Канада, Корея, Фаронса ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик буданд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Дилнозаи Абдумалик хабар доданд.
Шумораи сайёҳони дохилӣ дар ин муддат 322658 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85475 нафар ё ин ки 136 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои сайёҳӣ, дар ин давра беш аз 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ Кумита тасмим гирифтааст, ки корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш диҳад.
Бояд гуфт, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун ҷавҳари кашфношуда ном мебарад. Талошҳои мақоми ваколадори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба он равона гардидааст, ки бо назардошти шароиту имкониятҳои мавҷуда шумораи гардиши сайёҳон ба беш аз 1 миллион нафар расад.