
«Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак»,- таҳти ин унвон дар шаҳри Душанбе конфронси байнамиллаӣ доир шуд. Дар он роҳбарон ва коршиносони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бино ба иттилои мухбири радиои «Овози тоҷик» Муътабар Носирова, ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуд.
Дар рафти конфронс нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амният ва суботи минтақавию байналмилалӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар самти мазкур таҳлил мавриди таҳлилу баррасии коршиносон қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, иштирокчиён оид ба сиёсати ҳамҷаворӣ ва ҳолату дурнамои ҳамкриҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчун омили муҳимми таъмини субот ва рушди устувор дар шароити тағйироти куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ибрози назар намуданд.
Бояд гуфт, ки ташаббускори чорабинии мазкур Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.