22 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Фуад Ҳуссейн мулоқот намуд.
Зимни суҳбат вазирон сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Ироқро мавриди баррасӣ қарор доданд.