9 июн дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода оид ба татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ҳамоиш баргузор шуд.
Дар ҳамоиш муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода иброз намуд, ки рушди соҳаи алоқа ва татбиқи технологияҳои рақамӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии мамлакат ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо аҳамияти калидӣ дорад.
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ба рушди зерсохтори рақамӣ, густариши шабакаҳои нахи оптикӣ, амалӣ намудани технологияҳои насли панҷуми алоқа (5G), таъсиси марказҳои коркарди маълумот ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ҳамкории самаранок бо бахши хусусӣ ва шарикони рушдро омили муҳими пешрафти соҳа медонад»,- гуфт Усмоналӣ Усмонзода.
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло афзуд, ки татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040» барои ташаккули муҳити муосири рақамӣ, баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати алоқа ва рушди иқтисоди рақамӣ аҳамияти хос дорад.
«Ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии соҳа танҳо тавассути ҳамкории густурдаи сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, шарикони байналмилалӣ ва ҷомеаи коршиносӣ имконпазир мебошад»,-иброз дошт Исфандиёри Саъдулло.
Таъкид гардид, ки дар доираи татбқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» самтҳои асосии рушд, аз ҷумла ташаккули экосистемаи муосир, устувор ва рақобатпазири алоқа, тавсеаи зерсохтори рақамӣ, рушди хизматрасониҳои инноватсионӣ, амалӣ намудани технологияҳои насли панҷуми алоқа (5G), густариши шабакаҳои нахи оптикӣ, истифодаи имкониятҳои моҳвораӣ, инчунин рушди сармояи инсонӣ, саводнокии рақамӣ, ҳуши маснӯӣ ва амнияти киберӣ баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа ҳамчун механизми марказии ҳамоҳангсозии талошҳои шарикон, бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, мутобиқсозии сиёсатҳо ва суръат бахшидан ба татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040» пешниҳод гардид.
АМИТ «Ховар»



