Дирӯз дар Ню-Йорк дар ҳошияи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UNDESA) Ли Ҷунхуа мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNDESA, аз ҷумла иқдомҳои муштарак дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор баррась гардида, рағбати тарафҳо ҷиҳати идомаи пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби СММ иброз ёфт.
Ли Ҷунхуа ба Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешбарии масъалаҳои глобалии обу иқлим изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии ниҳоди зери роҳбарияшро, ки мутасаддии ин масъалаҳо мебошад, барои татбиқи қарорҳои қабулшудаи Маҷмаи Умумии СММ ва идомаи ҳамоҳангӣ ва шарикӣ бо Тоҷикистон дар баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ иброз дошт.