Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар “Бахши роҳбарон”-и Конфронси оби СММ-2023 иштирок намуда, ҷаласаи мазкурро раисӣ кард.
Бахши роҳбарон, ки дар чаҳорчӯби Конфронси оби СММ баргузор шуд, доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор, бахусус институтҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ҷиҳати муҳокимаи ӯҳдадориҳо ва амалҳои мушаххас барои Рӯзномаи амалиёти об ба ҳам овард.
Маърузачиён зимни суханронӣ бори дигар аз ташаббуси Тоҷикистон ва дигар шарикон барои ташкили Конфронси мазкур изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки ниҳодҳои байналмилалӣ ва бахшҳои хусусӣ дар татбиқи минбаъдаи уҳдадориҳои эълоншуда саҳмгузор хоҳанд буд.