28-уми марти соли равон миёни тимҳои миллии Кувайт ва Тоҷикистон бозии дӯстона баргузор мегардад. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 26 март вориди Эл-Кувайт шуд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайати тими миллии Тоҷикистонро 23 бозигар ташкил мекунанд. Вохӯрӣ соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (00:00 Душанбе) оғоз мешавад. Макони баргузории мусобиқа Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир ал-Аҳмад мебошад.