Аз 5 то 11 апрел дар шаҳри Ҳисор даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи бонувон барои Бозиҳои олимпӣ-2024 дар гурӯҳи «Е» баргузор мешавад. Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Филиппин, Ҳонконг ва Покистон барои дарёфти роҳхат ба даври навбатии мусобиқаи футболи Бозиҳои олимпии соли 2024 мубориза мебаранд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, баргузории ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор сурат мегиранд. Ғолибони ҳафт гурӯҳ ба даври дуюми интихобӣ роҳ ёфта, панҷ дастаи беҳтарини Осиё – Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба мубориза ҳамроҳ мешаванд.