3 апрели соли равон таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон нишасти 19- уми маҷозии вазирони фарҳанги Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид. Дар он вазирони фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Халқии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Покистон суханронӣ намуданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат иштирокчиёни ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзоро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки бо шарофати таваҷҷуҳ ва дастгириҳои хоси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанги кишвар рушд ёфта, аз ҷониби ҳукумат мунтазам тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Ҷаласаи навбатӣ барои кишварҳои аъзо ва ҳам барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як рӯйдоди муҳим маҳсуб ёфта, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангии байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Дар охири ҷаласаи мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи соҳаи фарҳангу санъат аз ҷониби вазирони фарҳанги давлатҳои аъзо Протоколи 19- уми Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба имзо расонида шуд.