Фестивали ҷумҳуриявии Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон ҷараён дорад. Дар Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А. С. Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб » садҳо номгӯи асарҳои бачагона аз адабиёти тоҷик ва ҷаҳон ба намоиш гузошта шуд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Роҳбари корхонаи мазкур Содиқи Завқӣ мақсади асосии баргузор намудани намоишро ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим номид.
Зикр дошт, ки чунин намоишҳо барои озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон Ватани азизи ман», » Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат», ки бо ташаббус ва сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамасола сурат мегиранд, нақши муҳим мебозанд.
Ёдовар бояд шуд, ки Фестивали имсола ба ифтихори 145- солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айни баргузор гардида, то 9 апрел идома мекунад.