Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Аълоев бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ҷаласаи корӣ баргузор намуд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода дар ҷаласа иштирок ва суханронӣ кард.
Тавре ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон хабар дод, дар он асосан масъалаҳои марбут ба доир гардидани ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки қарор аст 13 апред дар Самарқанд баргузор шаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар маҷлис инчунин масъалаҳои ташкилӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.