Гурӯҳи кории кишварҳои аъзои ИДМ оид ба кинематография ҷаласа доир намуданд. Дар он масъалаҳои рушд ва паҳнкунии маҳсулоти синамоии кишварҳои аъзои ИДМ, дастгирии синамои аниматсионӣ, таъсиси Иттиҳодияи эҷодии созмонҳои синамоии кишварҳои ИДМ ва оммавӣ гардонидани синамоҷашнвораҳое, ки дар фазои Иттиҳод баргузор карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар дод.
Дар кори ҷаласа директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Киноконсерни “Ӯзбекфилм” Одилов Б.К., директори генералии КВ “Киностудияи миллии “Беларусфилм”Карачевский В.В., директори генералии ҶС “Иттиҳодияи истеҳсолию эҷодии “”Студияи филмҳои мустанади Санкт-Петербург” Телнов А.Н.,директори киностудияи “Озарбойҷонфилм” Гусейнов Н.Ф., сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангии Раёсати робитаҳои хориҷӣ ва диаспори Вазорати маориф, илм, фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Арманистон Гигоян Мариам, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи давлатии Туркманистон оид ба телевизион, радио ва кинематография Арчаев А.А., директори департаменти ҳамкориҳои гуманитарӣ, масоили умумисиёсӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ Сазонов А.А. ва дигарон иштирок намуданд.
Иштирокчиён роҷеъ ба масъалаҳои рӯзнома ибрози назар намуданд.