Рушди ҳамкориҳои дуҷониба, бунёди корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ зимни мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва роҳбари ширкати “Каян”-и Арабистони Саудӣ ҷаноби Шайх Туркӣ Абдул Раҳмон Ал-Сайлон баррасӣ шуданд. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар дод.
Зимни мулоқот ҳайати меҳмонон ҳадафи ташрифи худро ба вилояти Хатлон шиносоӣ пайдо намудан бо ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ ва рушди бештари ҳамкориҳои дуҷониба иброз намуданд.
Қайд карданд, ки мо имконият дорем, ки ин ёдгорию мавзеъҳои таърихиро дар давлатҳои хеш ва ҷаҳон муаррифӣ намуда, ҷалби сайёҳонро ба ин минтақа бештар намоем. «Ҳамзамон мо метавонем робитаҳои тиҷоратиро дар самти маҳсулотҳои кишоварзӣ аз ҷумла пиёз, пахта ва дигар маҳсулотҳо ба роҳ монем»,- зикр доштанд меҳмонон.
Дар идомаи мулоқот ба меҳмонон имкониятҳои сайёҳии Хатлон муаррифӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар вилоят 931 адад ёдгориҳову мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 116 адад меҳмонхона, 139 адад мавзеъҳои сайёҳӣ, 217 адад истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 139 адад тарабхона, 45 адад осорхонаҳо, 19 адад ширкатҳои сайёҳӣ, 128 адад чойхона, 368 адад банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 50 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 238 адад ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ, 67 адад мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 адад зиёратгоҳҳо, 45 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо, 80 адад ишораҳои сарироҳӣ ва 21 адад маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
«Дар қаламрави вилоят ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла қалъаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ, дайри буддоии “Аҷинатеппа” дар ноҳияи Вахш, мадрасаи “Хоҷа Машҳад”-и ноҳияи Шаҳритус ва шаҳраки “Тахти сангин”-и ноҳияи Қубодиён арзи вуҷуд доранд, ки таърихи зиёда аз 2700 сола дошта, ба мероси умумиҷаҳонии Юнеско дохил гардидаанд. Сайёҳон аз ин мавзеъҳо мунтазам дидан менамоянд»-, зикр намуд ҷониби тоҷикистонӣ дар идома.