Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Салим Ал-Абдуллоҳ ба Тоҷикистон меояд. Дар доираи сафари кории худ ба Тоҷикистон ба фаъолияти Сафорати Кувайт дар шаҳри Душанбе оғоз мебахшанд. Дар ин хусус сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдуллоҳ Зубайдзода зимни мусоҳиба бо рӯзномаи “Ал-Ҷарида” иттилоъ дод.
Ба зикри номбурда, ифтитоҳи Сафорати Кувайт дар Тоҷикистон имрӯз яке аз масъалаҳои муҳими сари мизи муколама ва гуфтугӯҳои ду кишвар ба ҳисоб меравад.
Сафари дар пешистодаи Шайх Салим Ал-Абдуллоҳ барои баланд бардоштани равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳои сайёҳии ду кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Бояд гуфт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт 31 марти 1995 барқарор шуданд. Тули ин муддат равобити сиёсии ду кишвар ба баландтарин сатҳҳо расидаанд.