12 апрели соли равон сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо ректори Донишгоҳи OSTIM, профессор, доктор Мурат Юлек мулоқот намуд, ки дар он ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар меҳвари гуфтугуи худ қарор доданд. Дар ин бора намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия хабар дод.
Ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории донишгоҳи мазкурро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон таъкид намуданд.
Дар рафти ташриф, сафир яке аз технопаркҳои назди донишгоҳ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти тибби ва озмоишгоҳҳоро дидан кард.