Ба китобхонаи Осорхонаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ 90 адад адабиёти тозанашр тақдим шуд. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон хабар дод.
Осорхонаи устод Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон ҷойгир буда, китобҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол шуда, ба ин муассисаи фарҳангӣ тақдим гардид.
Роҳбарияти осорхона миннатдории худро баён намуда, зикр намуд, ки дар арафаи таҷлили 145 солагии адиби маҳбуб соҳиби туҳфаи муносиб гардиданд.