Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Самарқанд аз Хона-музейи Устод Садриддин Айнӣ дидан кард.
Бино ба иттилои хабаргузории “Овози Самарқанд” дар доираи ташриф ба хотираи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, нависанда ва шоири бузург Садриддин Айнӣ эҳтиром ба ҷо оварда шуд.
Сарвари Хона-музейи Устод Айнӣ Амриддин Пӯлодов ба меҳмонон дар бораи таърихи ташкили осорхона, фаъолияти эҷодии Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд маълумот дод.
Инчунин, дар дафтари хотироти осорхона андешаҳои худро навишт.
Ёдовар мешавем, ки Сирҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия доир ба масоили марбут ба Афғонистон ба шаҳри Самарқанди умҳурии Узбекистон сафар намуд.