![Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону СММ дар самти фарҳанг](https://vot.tj/tj/wp-content/uploads/2023/04/336379034_246482974568776_3219401256610669448_n.jpg)
Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини вазири фарҳанг Сафарзода Давлат Шариф бо гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба озодии дин ва эътиқод хонум Назила Ғанӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуотии Вазорати мазкур хабар доданд.
Нахуст Муовини вазири фарҳанг меҳмононро хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати ягонаи ҳуқуқбунёду дунявӣ таъсис дода шуд, ки тавонист аз ҳуқуқи аҳолӣ ба озодии афкор, виҷдон, дин ва эътиқод то ба имрӯз ҳимоя кунад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои озодии дин ва эътиқод ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самти фарҳанг табодули андеша намуданд.
Зикр шуд, ки ҳифзи расму русум, фарҳангу маданияти қадими миллӣ маънои маҳдуд сохтани озодии динро надорад.