Қалъаи Хуҷанд-иншооти қадимаву нодир азнавсозӣ мешавад. 250 нафар ҳунармандон ва сохтмончиён дар корҳои барқарорсозӣ ва бунёди бинои маъмурӣ, хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, осорхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии он ҷалб гардиданд. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, корҳои таҷдиду таъмири иншооти таърихӣ бо ҷалби олимону бостоншиносон ва пажӯҳишгарон сурат гирифта, раванди корҳои сохтмонӣ зери назорати доимии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад. Раиси вилоят зимни боздиди навбатӣ бо корҳои таъмиру таҷдиди иншооти таърихӣ шинос гардида, ҷараёни кори сохтмончиёну ороишгарон, пардозгарону наққошон, рассомон, тиллокорону ҳунармандонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Раҷаббой Аҳмадзода барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо ба масъулини Идораи сохтмони асосии вилоят супоришҳо дода, таъкид кард, ки таъмиру тармими иншооти таърихии халқи куҳанбунёдамон зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва он бо назардошти тамоми унсурҳои таърихӣ азнавсозӣ карда хоҳад шуд.