5 май дар шаҳри Панаҷии Ҳиндустон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли СҲШ Чжан Минг дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дар суҳбат тарафҳо оид ба масъалаҳои рӯзномаи СҲШ бо таваҷҷуҳ ба пешбурди ташаббусу пешниҳодҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмон табодули афкор намуданд.
Барои дастгири устувор ва саъю кӯшиш Дабири кулли СҲШ Чжан Минг ба ҷониби Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари мақомоти маъмурии СҲШ минатдории худро байён намуданд.