Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 майи соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Кореяро таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Президенти он кишвар, котиби аршад оид ба сиёсати ояндаи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Корея, Ҷанг Сун Мин ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Ҷонибҳо дар рафти мулоқот сатҳи кунунӣ ва дурнамои доираи васеи масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва башардӯстона муҳокима гардид.
АХБОРИ МОНАНД:
Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон дар Анҷумани тиҷоратии EBRD дар Лондон ширкат варзид
Сафири Тоҷикистон дар Олмон дар сафари шиносоӣ-иттилоотӣ ба Бавария бо Президенти федеролӣ иштирок намуд
Иштироки Саъдӣ Каримзода дар ҷаласаи 7-уми вазирони кишоварзии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ
Тоҷикистону Фаронса роҳандозии мактаби синамонигорон дар соли 2023-ро баррасӣ намуданд