
16 майи соли 2023 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ Ашита Митталро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик забар доданд.»
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории тарафайн дар чаҳорчӯби барномаву лоиҳаҳои созмони мазкур ва абзорҳои марбутаи минтақавию байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдид ва чолишҳои замони муосир, бахусус гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир табодули афкор намуданд.